11:20 21 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Намоишгоҳи байналмилалии Суғд-2018 дар шаҳри Хуҷанд акс аз бойгонӣ

Аз роҳандозии троллейбус то гардиши мева: Тоҷикистону Русия наздиктар мешавад

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48610

Тоҷикистон ва Русия дар ҳошияи Намоишгоҳи "Суғд-2018" дар шаҳри Хуҷанд дар бораи низоми нақлиёт, содироти мева ва хушконидани меваву сабзавот ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар Хуҷанд Намоишгоҳи тиҷории "Суғд-2018" баргузор шуд. Дар он намояндагони беш аз 200 ширкатҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳ  намояндагони Русия низ ҳузур доштанд. Ширкатҳои минтақаи Урали Русия бори чаҳорум аст, ки дар ин намоишгоҳ иштирок мекунанд. Ҳамчунин миёни ширкатҳои русӣ, аз Саратов ва Ҷуҳурии Чувашия низ буданд.

Ҳамагӣ дар "Суғд-2018" 25 ширкати русӣ иштирок карданд.

Русия дар ороиши шимоли Тоҷикистон мусоидат мекунад

Аз рӯзи аввал маълум буд, ки чорабинӣ барои ширкатҳои русӣ муфид хоҳад буд. Онҳо ба Хуҷанд бо барномаҳое омаданд, ки барои Тоҷикистон низ ҷолиб ва муҳим буданд.

Русия мехоҳад, дар рушди соҳаи нақлиёти Хуҷанд саҳм гузорад. Ин масъала солҳост, ки баррасӣ мешавад, аммо танҳо дар ин намоишгоҳ роҳи ҳалли худро пайдо кард.

"Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайъати ширкатҳои Русия мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот тарафҳо масъалаи роҳандозии шабакаи ҳаракати троллейбус дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ карданд. Ширкати русӣ алакай барномаи ҳаракати троллейбусҳоро дар шаҳр таҳия намуда, чанд намуди троллейбусу автобусҳои барқӣ пешниҳод намудааст", — гуфт ба Sputnik Тоҷикистон раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода.

Ба гуфтаи шаҳрдор, бо ҳамин саҳми Русия дар ободонии Хуҷанд ба анҷом намерасад. Хуҷанд тасмим гирифтааст, аз Русия барои равшанкунии кӯчаву хиёбонҳо  таҷҳизот бихарад.

Афзун бар ин, ба гуфтаи шаҳрдорӣ  барномаҳое, ки қаблан аз ҷониби Русия дар Хуҷанд роҳандозӣ шудаанд, бо муваффақият амалӣ мешаванд.

"Мехоҳам таъкид кунам, ки пештар низ Русия ва Тоҷикистон паймонҳои зиёде бастанд, ки то ҳол роҳандозӣ мешавад. Барои мисол, ду кишвар пештар дар мавриди соҳаи маориф ба тавофуқ расида буданд. Соли гузашта Русия ба Хуҷанд ду омӯзгор фиристода буд, ки ба донишомӯзони тоҷик  илмҳои дақиқ меомӯхтанд. Аз аввали соли хониш шумораи омӯзгорон ба 10 нафар мерасад", — афзуд Муҳаммадзода.

Таҷҳизоту технологияи нави Русия барои Тоҷикистон

Русия барои Тоҷикистон як пешниҳоди ҷолиби дигар кард: хушконидани мева ба воситаи таҷҳизоти русӣ.

Коршиносони рус дар намоишгоҳ ба Тоҷикистон хуконидани мева ва сабзавотро тариқи микромавҷҳо пешниҳод намуданд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки мева дар муддати кӯтоҳ ва пурра хушк шавад.

Ин технология бисёр бо самар буда, имкон медиҳад меваро зуд хушк намояд. Бо кӯмаки ин технология метавон содироти меваҳои хушкро ба маротиб афзоиш дод.

"Ба намоишгоҳи Хуҷанд коршиносони рус дар масоили хушконидани мева дар шароити микромавҷҳо омада буданд. Мо тасмим гирифтем, ки дар ин маврид як барномаи санҷишӣ  роҳандозӣ кунем. Муҳим он аст, ки  ин таҷҳизот на танҳо дар шимоли Тоҷикистон, балки ба минтақаи ҷануби кишвар низ аҳамият дорад", — гуфт Сергей Ключарёв, раиси Шӯрои ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон дар Палатаи савдои Русия.

Вай афзуд, ки дар ҳошияи Намоишгоҳ масъалаҳои дигар низ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла пешниҳоди Тоҷикистон содироти меваву сабзавот ба Русия буд.

Ҳоло Русия барои самаранок шудани муносибатҳо бояд чанд корро анҷом диҳад: пеш аз ҳама Русия бояд  Тоҷикистонро бо стандартҳои марказҳои савдои Русия ошно созад.

"Мушкилоти дигар дар он аст, ки Тоҷикистон аъзои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё  нест. Ба ҳамин далел содироту воридоти молу маҳсулот мушкил аст", — таъкид мекунад Ключарев.

Ҳайъати Русия сафари худро ба Хуҷанд бисёр самаранок номидааст. Новобаста аз мушкилоти мавҷуда, аксари барномаҳо роҳандозӣ шуданд — сармоягузорон ҳам пайдо шуданду созишномаҳо ба имзо расиданд.

Муҳим онаст, ки ҳар ду тараф барои рушди ҳамкорӣ омода ҳастанд. Ин маънои онро дорад, ки дар солҳои оянда низ Русияву Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳо талош хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
автобус, Хуҷанд, савдо, тиҷорат, Суғд, ширкат, шаҳр, Русия, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ