12:51 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Кӯчаи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе, акс аз бойгонӣ

Зану мард: Феҳрасти ронандаҳои маст дар роҳҳои Душанбе

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, сарфи назар аз зиёд намудани ҷаримаҳо, ҳанӯз ҳам зану мардоне ёфт мешаванд, ки дар ҳолати мастӣ сари чанбари мошин мешинанд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз 1 то 8-уми июли соли ҷорӣ дар Душанбе амалиёт гузаронда, 3301 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахтро ошкор кардааст.

Тибқи иттилоияи ВУД сарфи назар аз зиёд намудани ҷаримаҳо, ҳанӯз ҳам зану мардоне ёфт мешаванд, ки дар ҳолати мастӣ сари чанбари мошин мешинанд.

"Ҳануз ҳам ронандагоне ҳастанд, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намуда, ба дағалтарин қоидавайронкунии роҳу нақлиёт даст мезананд. Чунин ҳолат ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дорад", —ҳушдор додааст ВУД.

Ба иттилои манбаъ тайи як ҳафтаи амалиёт, 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳоли сархушӣ ошкор гардиданд.

Вазорати умури дохилӣ дар феҳрасти ронандаҳои маст, аз ҷумла Саидов Беҳрӯз Абдусатторович, ронандаи автомашинаи "Мерседес—Бенс", Раҳимов Аъзам Салимович, ронандаи "Ваз-21015", Раҳимова Ситора Холалиевна, ронандаи "Ласетӣ",  Ахмедов Сафараҳмад Тоҳирович, ронандаи "Мерседес —Бенс", Шарипов Сиёвуш Акрамович,  ронандаи "Ренҷ-Ровер" ва  Наимов Фатҳулло Хуршедович, ронандаи "Опел-Астра"-ро ном бурда, афзуд, ки алайҳашон парванда боз гардид.

ВУД илова намуд, ки тайи як ҳафтаи охир дар Душанбе 152 ҳолати баланд намудани суръат, 133 ҳолати истифодаи телефон, 34 ҳолати итоат накардан ба чароғак, 304 ҳолати аз меъёр зиёд бор кардани мусофирон дар роҳҳои Душанбе сабт шудааст.

Барчаспҳо:
мастӣ, ВУД, Вазорати корҳои дохилӣ, душанбе, ронанда, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ