22:40 19 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.96
  • RUB0.15
Корд дар даст, акс аз бойгонӣ

Баҳси муйсафеду пиразан ба кордзанӣ мунҷар шуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10101

Ҷанҷоли муйсафеди 86 сола бо ҳамсари 79-солааш ба кордзанӣ табдил ёфта, сабаби бистарии паразан дар бемористон шудааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ, тахминан соати 20:00-дақиқа, марди 86-солаи сокини шаҳри Конибодом дар ҳавлии истиқоматиаш бо ҳамсари 79-солааш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо корди хоҷагӣ ду маротиба ба шикамаш задааст.

"Дар натиҷа, пиразан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд", — таъкид кардааст манбаъ.

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
муйсафед, кордкашӣ, муноқаша, пиразан, корд, ҷанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ