11:17 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Аҳмадзода: дар Суғд "1300 рӯзи меҳнати зарбдор" эълон гардид

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Ба гуфтаи раиси вилоят, мақсад аз ин чорабинӣ - омадагии ҷиддӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як мулоқот бо масъулин ва сокинони ноҳияи Спитамен эълом дошт, ки дар Суғд маъракаи "1300 рӯзи меҳнати зарбдор" эълон шудааст.

Бино бар иттилои раиси вилоят, ин маърака дар вилоят бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил кардани 30-солагии истиқлолияти давлатӣ эълон шуд.

Ба гуфтаи Аҳмадзода, аз ин рӯ дар вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ дар тамоми минтақаҳои вилоят вусъати тоза пайдо намудааст.

"Аз ин лиҳоз роҳбарият ва масъулини ноҳияи Спитаменро низ зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби сармояҳои дохиливу берунӣ ба сохтмону бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, таъмиру таҷдиди роҳҳо, кашидани хатти обу барқ ва ғайра дар маҳалҳо таваҷҷӯҳи хоса равона намоянд", — таъкид доштааст раиси вилоят.

Ҳамчунин дар ин мулоқот Аҳмадзода аз иҷрои пурраи нақшаи андоз низ ёдрас кард.

Ёдовар мешавем, ҳанӯз 19 декабри соли 2017  Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расида буд, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.

Барчаспҳо:
меҳнат, истиқлол, таҷлил, мулоқот, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ