10:55 21 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Боздиди раиси Суғд аз иншооти бунёдшаванда дар Хуҷанд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун ошно шуд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд нахуст ба маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ташриф оварда, бо рафти сохтмони бинои иловагии он ошно шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, бинои иловагӣ дар назди Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилоят бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад.

Сипас, раиси вилоят аз бинои шуъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дидан кард.

Манбаъ таъкид кардааст, ки бинои мазкур, пас аз насби пурраи таҷҳизот ва дастгоҳҳои тиббӣ ба мардум хизмат мерасонад.

"То имрӯз аз ҷониби ташкилоти байналмилалии МАГАТЭ дастгоҳи нурафкании "ТЕРАБАЛТ" ворид карда шудааст ва дар оянда воридсозии дигар дастгоҳҳои зарурӣ ба нақша гирифта шудааст", — иттилоъ додааст дафтари матбуот.

Бар асоси иттилоияи ҳукумати вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти сохтмони бинои нави гимназияи рақами якуми шаҳри Хуҷанд ошно шуд.

Ба гуфтаи манбаъ соли ҷорӣ сохтмони гимназияи рақами якуми шаҳри Хуҷанд анҷом хоҳад ёфт. Бинои сеошёнаи таълимӣ дорои 31 синфхона ва маҷлисгоҳу ошхона мебошад.

Сипас раиси вилоят бо рафти таъмиру навсозии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ошно шуд ва масъулинро барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуд. Қасри мазкур, ки дар вазъи таъмирталаб қарор дошт, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят навсозӣ мешавад.

Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳммадзода, рафти сохтмон, Суғд, иншоот, сохтмон, боздид, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ