Ожонсии обуҳавошиносӣ: ҳавои гарм то 18 июл боқӣ мемонад

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 16 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +14+ 19 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 45 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 17+22 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.

Инчунин дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст. Дар пойтахти мамлакат шабона +19+21 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи маълумоти қаблии ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои гар дар Тоҷикистон то 18 июл соли ҷорӣ боқӣ мемонад.

Лентаи хабарҳо
0