10:55 25 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
207 0 0

Бо қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт фестивали тобистона баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи қарори шаҳрдори шаҳри Рустами Эмомалӣ фестивали тобистонаи Душанбе рӯзҳои 18 — 19 августи соли 2018 дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Фестивали мазкур бо мақсади муаррифи шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани имконият барои таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор хоҳад шуд.

Рустами Эмомалӣ аз роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳр дархост намудааст, ки иҷрои барномаҳои банақшагирифташуда саривақт таъмин гарданд.

 

Барчаспҳо:
фестивал, Рустам Эмомалӣ, ҳамоиш, пойтахт, шаҳр, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ