01:06 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
143 0 0

Белла, навзоди тоҷикест, ки ҳангоми сайёҳати модараш дар Гурҷистон таваллуд шуда, ба номи табиби гурҷӣ номгузорӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Як зани сайёҳи тоҷик дар мошини ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон духтарча таваллуд кардааст. 

Тибқи иттилоия, ки дар Facebook нашр шудааст, зану шавҳар аз Тоҷикистон ба Гурҷистон барои истироҳат ва сайёҳӣ омадаанд.

Зани 28-солаи тоҷик ҳангоми шиддат гирифтани дарди зоишаш ба ёрии таъҷилӣ занг задааст, аммо то беморхона нарасидаанд.

Модар духтарчаашро Белла, ба номи табиби гурҷие мондааст, ки ҳангоми таваллуд дар мошини ёрии таъҷилӣ ба ӯ кӯмак намудааст. Табибон вазъи саломатии духтарчаро хуб арзёбӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
Тифлис, зоиш, ёрии таъҷилӣ, навзод, кӯдак, мошин, Гурҷистон

Мавзӯъҳои асосӣ