17:56 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Низомии пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Нахустин тамрини муштараки низомиёни тоҷику рус дар горнизони Хоруғ

© Пресс-служба ЦВО
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
182 0 0

Дар доираи тамринот вазифаи низомиён нобуд кардани гуруҳи террористони сершуморе мебошад, ки гӯиё марзи Тоҷикистонро убур кардаанд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Низомиёни тоҷику рус барои бори нахуст дар қаламрави гарнизони Хоруғ тамриноти муштаракро оғоз намуданд.

Тибқи иттилои Ҳавзаи марказии низомии Русия, ки пойгоҳи 201 дар тобеияти он мебошад, тамриноти муштарак дар Ҷелондӣ, 120 километрии шарқи Хоруғ дар марз бо Афғонистон гузаронда мешаванд. Дар назар аст, ки машқи муштарак 5 рӯз, то 21-уми июл давом кунад.

“Дар машқҳо аз ҷониби пойгоҳи 201 ҳудуди 400 низомӣ, 80 адад техникаи низомӣ ва аз ҷониби Тоҷикистон 700 низомӣ бо 40 адад техника иштирок мекунанд”, - гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар доираи тамринот вазифаи низомиён нобуд кардани гуруҳи террористони сершуморе мебошад, ки гӯиё марзи Тоҷикистонро убур кардаанд.

Тибқи иттилои ҳавзаи низомии марказии Русия зимни тамринот низомиёни Русия 700 километрро дар шароити мураккаб тай мекунанд.

Машқи ҷадиди муштарак дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон тамриноти нерӯҳои савораи пойгоҳи 201 бо иштироки 3,2 ҳазор нафар анҷом ёфта буданд.

Барчаспҳо:
тамриноти низомӣ, тамриноти ҳарбӣ, низомиён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ