22:38 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
кори намояндагии DHL, акс аз бойгонӣ

Фаъолияти почтаи байналмилалии DHL ба далели манфиатҳои миллӣ манъ карда шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
11200

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабаби манъи фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express –ро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ изҳор кардааст, ки фаъолияти почтаҳои байналмилалӣ ба далели манфиатҳои миллӣ қатъ гардидааст.

"Чаро почтаҳои байналмилалӣ ба моананди DHL дар Тоҷикистон фаъолият надоранд? Марҳамат, биёянд иҷозатнома бигиранд ва тибқи талаботҳои техникӣ, муросилотӣ ва ҳуқуқӣ фаъолият намоянд", —таъкид кад Атоев.

Лозим ба ёдоварист, мутобиқи қарори соли 2017 хадамоти алоқа ширкатҳои муросилотиро муваззаф карда буд, ки барои фаъолияташон дар ҳудуди Тоҷикистон дубора иҷозатнома бигиранд.

Дар моҳи июни соли 2017 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express —ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф карда буд.

Сокинони Тоҷикистон аз ширкати байналмилалии DHL барои ирсол ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳим ва фаврӣ истифода мекарданд. Як нома тавассути ин ширкат аз Аврупо ба Тоҷикистон дар фурсати то 5 рӯзи корӣ дастрас мешуд.

Пештар дар баробари почтаи давлатӣ — "Почтаи тоҷик", дар Тоҷикистон инчунин, ширкатҳои байналмилалии DHL, TNT ва UPS фаъолият мекарданд. 

Барчаспҳо:
Аврупо, нома, хат, байналмилалӣ, хадамот, почта, муросилот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ