Посух: Тоҷикистон ҳам вориди маҳсулот аз Узбакистонро маҳдуд мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Патар" на границе Таджикистана и Узбекистана
КПП Патар на границе Таджикистана и Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳам тасмим гирифтааст, ки воридоти маҳсулот тавассути шаҳрвандонро аз Узбакистон маҳдуд кунад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Кумитаи бехатарии ғизоии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистон низ воридоти маҳсулот аз Узбакистонро маҳдуд хоҳад кард. Бино бар иттилои раиси ин кумита, Фарҳод Камолзода, ин тасмим дар посух ба иқдоми ҷониби Узбакистон рӯйи кор хоҳад омад.

"Ахиран мо аз ҳамтоёни узбаки худ номае гирифтем, ки онҳо воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути шаҳрвандонро дар ҳаҷми 5 килограмм маҳдуд кардааст. Ҷониби Тоҷикистон низ чунин тасмимеро рӯйи даст гирифтааст", — тавзеҳ медиҳад вай.

Ин масъули тоҷик, зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфт, ки "Тоҷикистон вориди тухми мурғ аз Узбакистонро ҳеҷ гоҳ маҳдуд накарда буд".

"Тухми мурғи истеҳсоли Узбакистон ба куллияи талаботҳои сифати тухми мурғи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Кумитаи мо воридоти тухми мурғ аз Узбекистонро ҳаргиз маҳдуд накардааст,- гуфт Камолзода.

Ба гуфтаи вай, дар нимсолаи аввали соли 2017 аз Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ба Тоҷикистон 4 ҳазору 356 тонна тухми мурғ ворид карда шудааст. Аммо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз кишварҳои дигари хориҷӣ танҳо 1 ҳазору 363 тонна тухми мурғ ворид гардид.

"Воридоти тухми мурғ ҳудуди ду ҳазор тонна камтар шудааст. Фикр мекунам, сабаби асосии чунин амр ба афзоиши тавлидоти корхонаҳои мурғпарварии Тоҷикистон марбут аст. Корхонаҳои Тоҷикистон тавонистанд миқдори зарурии тухм ва гӯшти мурғро бо нархҳои дастрас ба бозор пешниҳод кунанд",- афзуд вай.

Раиси Кумитаи бехатарии ғизоии Тоҷикистон таъкид кард, ҳеҷ ниҳоди кишвар барои маҳдудияти воридоти тухми мурғ аз Узбакистон тасмим нагирифтааст. 

Лентаи хабарҳо
0