Гази чуқур ё андози боло: чаро “Газпром” аз Тоҷикистон рафт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкДобыча газа
Добыча газа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саридораи геологияи Тоҷикистон аз хориҷ шудани ширкати русии “Газпром” аз тарҳҳои иктишофи газ дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik.  Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини аввали расиси Саридораи геологияи Тоҷикистон, тайи нишасти матбуотӣ  дар Душанбе гуфт, ки ширкати русии “Газпром” тарҳи иктишофи газ дар чанд майдони газӣ дар Тоҷикистонро қатъ кард.

Ба гуфтаи вай, ба далели умқи зиёди захоири нафту газ фанновариҳои феълии иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар шароити кӯҳистонии Тоҷикистон имкон намедиҳад ин манобеи энержиро истихроҷ намоянд.

“Умеди зиёде ҳам ба тавоноиҳои ширкати русии “Газпром” вуҷуд дошт, аммо ин интизориҳо амалӣ нашуданд”,-таъкид кард Бахтдавлатов.

Инчунин Бахтдавлатов, афзуд, ки мутахассисони ширкати “Газпром” дар майдони газии “Шаҳринав” то умқи 6 ҳазору 450 метр расид, аммо ба газ дастрасӣ пайдо накард.

Қаблан Игор Шаталов, роҳбари намояндагии Gazprom International  дар Тоҷикистон, таъкид карда буд, ки  ба далели боло будани мизони молиёт дар Тоҷикистон фаъолият дар ин кишвар зиёни иқтисодӣ ба бор меорад ва эҳтимоли зиёд дорад фаъолияти ширкат дар ин кишвар катъ шавад.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти Gazprom International дар Тоҷикистон моҳҳои сентябри соли 2008 шурӯъ шуда буд.  Ширкат барои истифодаи қаъри замини Сариқимиш, ки 1715 ҳектарро ташкил медиҳад, иҷозатнома гирифта,  корҳои иктишофиро дар ноҳияи Шаҳринав то инҷониб давом медод.

Лентаи хабарҳо
0