Ҳушдор: дар Тоҷикистон баъди 4 рӯз гармтарин рӯзи тобистон фаро мерасад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гармии ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон то 25 июл идома ёфта, 24 июл яке аз рӯзҳои гармтарини ин моҳ хоҳад буд. Дар ин рӯз ҳарорати ҳаво аз меъёри муқаррарӣ боло меравад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, гармии аз меъёр зиёди ҳаво дар ҷумҳурӣ то 25 июл идома ёфта, эҳтмол шурӯъ аз 26 июл ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ пасттар гардад.

"Тӯли ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон 45 дараҷа, дар Суғд 44, дар ноҳияҳои тобеи марказ 44, ноҳияҳои кӯҳӣ 37, баландкӯҳҳо 28 ва дар Душанбе 43 дараҷа гарм мешавад. 24 июл ҳаво гармтар меояд, ки дар ин рӯз ба сокинони кишвар маслиҳат дода мешавад, ки бе зарурат ба кӯча набароянд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Охирҳои моҳи июл вазиши сахти шамол ба амал омада, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ чангу ғубор мешавад. Моҳи август муқаррарӣ омада, тӯли ин моҳ боришот начандон зиёд гашта, чангу ғубор ба амал меояд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+28 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон меборад. Ҳарорат шабона +14+ 19 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +42 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0