17:09 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Осорхонаи миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Рассомони вилояти Суғд эҷодиёти худро ба намоиш мегузоранд

© Фото: Wikipedia
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 25 июли соли равон дар осорхона намоиши асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад.

Манба таъкид мекунад, ки намоиши мазкур ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад.

Намоиш 25 июли соли равон соати 10 оғоз гардида, дар он офаридаҳои рассомон, аз қабили мусаввараҳо, кундал ва ҳайкалтарошӣ ба тамошо гузошта мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ташаббускорони намоиш Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки намоиши эҷодиёти рассомони вилояти Суғд 25 июл оғоз ёфта, то 15 августи соли 2018 идома меёбад.

 

Барчаспҳо:
сайёҳи, сайёҳ, эҷодиёт, намоиш, осорхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ