11:16 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
180 0 0

Коршиносони донишгоҳи иқтисодии Русия музди моҳонаи коргарони Русия, кишварҳои ИДМ ва Аврупои шарқиро аз рӯи шохиси баробарии тавони хариди арзҳо, муқоиса намуданд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Коршиносони донишгоҳи иқтисодии Русия музди моҳонаи коргарони Русия, кишварҳои ИДМ ва Аврупои шарқиро ба доллар муқоиса намуданд.

Дар гузориши "байнидавлатии муқоисаи музди кор дар солҳо 2011-2017" таъкид шудааст, ки моҳонаи воқеъӣ дар Тоҷикистон дар соли 2017 ба 478 доллар ё 4 ҳазору 467 сомонӣ баробар будааст.

Аз рӯи шохиси баробарии тавони хариди арзҳо музди кори воқеъӣ дар Русия — 1550 доллар, дар Укроин — 1073 доллар, дар Озарбойҷон — 1364 доллар, Белорус — 1602 доллар, Қирғизистон — 711 доллар, Молдова —787 доллар ва дар Қазоқистон —1252 доллар, будааст.

Болотарин моҳона дар кишварҳои Аврупои шарқӣ дар Лаҳистон будааст, моҳона дар ин кишвар аз рӯи шохиси баробарии тавони хариди арзҳо ба 2310 доллар баробар будааст. Баъд аз Лаҳистон дар гузориш Чехия (2060 доллар), Хорватия (2034 доллар), ва Маҷористон (1983 доллар) ҷойгир шудааст.

Қаблан Ожонсии омори Тоҷикистон хабар дода буд, ки сатҳи музди кори миёна дар Тоҷикистон дар авали моҳи апрели соли ҷорӣ 10,5 дар асд афзоиш ёфта ба 1220 сомонӣ расидааст (8 ҳазору 473 рубл).

Моҳонаи баландтарин дар Душанбе будааст. Маоши миёнаи сокинони пойтахт ба 1934,24 сомонӣ баробар будааст. Дар вилояти Хатлон баръакс коргарон пинтарин музди моҳона мегиранд. Моҳонаи миёна дар ин минтақа ба 915,53 сомонӣ баробар будааст.

Моҳонаи баландарин дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ будааст. Музди кори кормандони ин бахш ба 3191,19 сомонӣ баробар будааст, аммо моҳонаи кормандони саноати истихроҷи маъдан ба 2385,79 сомонӣ баробар будааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳонаи кормандони бахши кишоварзӣ чандон зиёд набудааст, ҳаққу заҳмати онҳо 532,77 сомонӣ будааст. 

Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, маош, бештар, кор, музди меҳнат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ