10:21 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Тухми мурғ. акс аз бойгонӣ

“Тоҷикстандарт”: хабари манъи воридоти тухми мурғ ва маҳсулоти қаннодӣ овоза мебошад

© Sputnik / Юлия Честнова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
119 0 0

Ожонсии «Тоҷикстандарт» маълумот дар бораи гӯё манъ шудани воридоти тухми мурғ ва шириноҳо аз Узбекистон ба Тоҷикистонро рад кард. 1-2 кило қанду шириние, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон ворид мешавад аз санҷиш гузаронида намешавад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистон воридоти тухми мурғ ва маҳсулоти қаннодиро аз Узбакистон манъ накардааст, гуфт Қудрат Давлатзода раиси Ожонсии "Тоҷикстнадарт" зимни нишасти матбуотӣ.

Вай гуфт, манъи воридоти тухм ва маҳсулоти қанодӣ ба Тоҷикистон асос надорад.

"Ин хабарҳо ҳамааш овоза ҳаст, мо 1-2 кило маҳсулоти қаннодиро, ки шаҳрвандон аз кишвари ҳамсоя бо худ меоранд аз санҷиш намегузаронем ва вориди онро манъ накардаем. Ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад. Тоҷикистон сертификати маҳсулотро танҳо дар доираи шартномаи воридотӣ медиҳад. Ин масаларо мо бо ҳамтоёни узбаки худ баррасӣ карда будем", — таъкид кард Давлатзода.

Вай инчунин таъкид кард, ки дар нимсолаи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 1,1 млн. кило маҳсулоти ғизоӣ, ки мутобиқи стандарт ҷавобгӯ нест, ошкор шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан баъзе аз расонаҳои хабарӣ, иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон воридоти тухми мурғ ба мӯҳлати номуайян, манъ кардааст. чораи мазкур гӯё ба сабаби шикоятҳо сурат мардум гирифтааст. Гӯё мардум шикоят карданд, ки сифати маҳсулоти воридоти аз кишварҳои ҳамсоя паст мебошад.

 

Барчаспҳо:
сертификат, стандарт, Узбакистон, сарҳад, тухми мурғ, воридот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ