05:33 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото

Ҷасади Вайдоро ба Тоҷикистон бурданд

© Фото : Официальный сайт авиакомпании Tajik Air
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
275 0 0

Ҷанозаи Вайдоро дар шаҳри Кӯлоб, дар оромгоҳи Тамоштеппа ба хок месупоранд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik.  Ҷасади кӯдаки 5-солаи тоҷик Вайдоро, ки фоҷиабор дар Русия кушта шуд, ба Тоҷикистон интиқол доданд.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Намояндаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Ироҳим Аҳмадов хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷанозаи кӯдак, шаби 24-уми июл, соати 11:30 бо хатсайри 628-и парвози Маскав-Душанбеи ҳавопаймои  "Тоҷик Эйр" интиқол дода шуд.

"Ҷасади Вайдоро модар, падар ва ду хоҳару додараш ҳамроҳ ба Тоҷикистон бурданд. Ӯро дар оромгоҳи Тамоштеппа ба хок месупоранд", — гуфт намояндаи вазорат.

Ёдрас мешавем, пештар Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти муттаҳам дар қатли Вайдо, духтарчаи 5-сола хабар дод, ки ҷасадаш 23 июл аз дохили ҷузвдони варзишӣ дар назди роҳи оҳани шаҳри Серпуховаи вилояти Маскав пайдо гардид.  Аз боздоштшуда Александр.С, сокини 28-солаи Серпухова ном бурда мешавад.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми озори ҷинсӣ ва қатл парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Вайдо, духтари 5-солаи оилаи Саидовҳо, муҳоҷирони тоҷик мебошад, ки дар шаҳри Серпуховаи вилояти Маскав иҷоранишин будаанд. Марҳум 22 июл аз майдончаи кӯдакон дар назди хонааш нопадид шудааст ва дар пайи кофтукоб ҷасадаш 23 июл пайдо гардид. Расонаҳо менависанд, кӯдаки марҳумро марде бо баҳонаи харидани ширинию яхмос бо худ бурдааст.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ Вайдо замоне ғайб задааст, ки модарбузургаш барои чанд дақиқа вориди мағоза шудааст.

Барчаспҳо:
куштор, Вайдо, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ