06:04 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Сохтмон, акс аз бойгонӣ

Спитамен ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон омодагӣ мегирад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
58 0 0

Бахшида 30-солагии Истиқололияти Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд беш аз 120 иншооти гуногун сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Спитамен то соли 2021 бахшида ба 30 солагии ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон беш аз 120 иншоот сохта мешавад.

"Аз ҷумла марказҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, китобхона, марказҳои саломатӣ, ҳаммом, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳо бунёд карда мешавад", — таъкид кардааст манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, бо мақсади анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқололияти Тоҷикистон, дар ҳар як деҳаю маҳалли аҳолинишини ноҳия ҳайати гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гуруҳҳои корӣ, вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳаю маҳалли аҳолинишинро назорат мекунанд.

Барчаспҳо:
Спитамен, Тоҷикистон, ҷашн, истиқлолият, хизматрасонӣ, марказ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ