Нурмаҳмадзода: муҳоҷирон имсол ба Тоҷикистон пули бештар фиристоданд

© Sputnik / Амир Исаевраиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода
раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баъд аз се моҳи коҳиш боз барқарор шудааст

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси бонки милии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, ки ҳаҷми маблағҳои интиқолдодаи  муҳоҷирони тоҷик нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи вай нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба Тоҷикистон тақрибан 90 млн. доллар бештар ворид шудааст. 

Интиқоли пулии муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 15 дарсад афзоиш ёфтааст

Вай афзуд, ки дар моҳи апрел-июн соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ коҳиши интиқолҳои пулӣ ба қайд гирифта шуда буд.

"Ҳоло вазъ муътадил шуда рӯ ба афзоиш овардааст",- гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, таъкид кард, ки тақрибан 86 дарсади интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ба рубли русӣ сурат гирифтааст.

Аз аввали соли 2016 бонкҳои ҷумҳурӣ маблағҳои интиқолшуда бо рубли русиро ба шаҳрвандон ба пули меллӣ пешниҳод мекунанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикисттон, қайд намуд, ки ин чораҳои қабулшуда ба нигоҳдории қурби пули миллӣ мусоидат карда. Вай афзуд, ки Бонки миллӣ, дар ҳоли ҳозир намехоҳад аз ин иқдоми қабулкардааш даст кашад.
Лозим ба ёдоварист, ки бино ба иттилои Бонки марказии Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 487 миллион доллар интиқол ёфта буд.

Ба иттилоъи манбаъ, ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 64 миллион доллар афзойишро нишон медиҳад.

Ёдовар мешаввем, ки соли 2017 ҳаҷми маблағҳои интиқолдода аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 536 миллион доллар буд.

Лентаи хабарҳо
0