Эмомалӣ Раҳмон фармони нав имзо кард

© пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи фармон, интихоби мушовирони халқии додгоҳҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 13 август гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи гузаронидани интихоботи мушовирони халқии додгоҳҳои  ҳарбии гарнизонҳо ба имзо расид, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Мувофиқи он, интихоби мушовирони халқии додгоҳҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 13 август гузаронида мешавад.

"Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, бо мувофиқаи раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 ҳамин Фармон гузаронидани интихоботи мушовиронии халқии додгоҳҳои ҳарбии гарнизонҳоро мувофиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд", — омадааст дар банди дувуми фармон.

Фармони раисҷумҳур, имрӯз, 25 июл таҳти рақами 1072 ба имзо расидааст.

Лентаи хабарҳо
0