16:24 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
боди Афғонӣ дар Душанбе

Гармиҳои шадид паси сар шуд, аммо ҷойи он шамолу чангу ғубор расид

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Обуҳавошиносон мегӯянд шурӯъ аз имрӯз то 28 июл дар Тоҷикистон пастшавии ҳарорати ҳаво аз 4 то 6 дараҷа ба назар мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ, шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона +13+ 18 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +29 + 34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
абрнок, тағйирёбанда, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ