05:31 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Вазири меҳнати Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода

Мардикорбозорҳои Тоҷикистон танзим мешаванд

© Sputnik Махпора Киромова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
93100

Вазорати меҳнати Тоҷикистон барои лоиҳаи танзими мардикорбозорҳо дар Тоҷикистон маблағгузор меҷӯяд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки ниҳод мақсад дорад, мардикорбозорҳои Тоҷикистонро танзим кунад.

Ба ҳамин далел, вазорат барои роҳандозии ин лоиҳа сармоягузори хориҷӣ меҷӯяд.

Ба гуфтаи вай, дар бештари шаҳрҳои Тоҷикистон бозори меҳнати ғайриқонунӣ ташкил шудаанд. Шахсони бекор дар бозорҳои мазкур мунтазири корфармоён мешаванд.

"Мақсади лоиҳа танзими мардикорбозор аст. Мо мехоҳем, пойгоҳи ягонае созем, ки дар он ҳар як мардикор тавонад дар бораи худ ва тахассуси кориаш маълумот пешниҳод намояд. Дар ин пойгоҳ барои корҷӯён ёфтани кор осонтар аст. Мо мехоҳем мардикор дар кӯчаҳо соатҳо мунтазири корфармо нашаванд", — таъкид кард Тағойзода.

Инчунин ба гуфтаи Сумангул Тағойзода, барои аксари мардикорон, ҷойҳои корие, ки дар биржаи меҳнат пешниҳод мешавад, ба далели паст будани музди меҳнат қабул нест.

Барчаспҳо:
Сумангул, мардикор, меҳнат, корфармо, бозор, лоиҳа, муҳоҷир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ