22:11 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ҳавопаймоии ширкати Тоҷик Эйр, акс аз бойгонӣ

Душанбе-Самарқанд: хатсайри нави ширкати "Тоҷик Эйр"

© Фото: Официальный сайт авиакомпании Tajik Air
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Ширкати "Тоҷик Эйр" шурӯъ аз 28-уми июли соли ҷорӣ парвозҳои худро ба шаҳри Самарқанд, оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати "Тоҷик Эйр", нахустин парвози ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" субҳи 28-уми июл соати 9:00 аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад.

Парвоз аз Душанбе ба Самарқанд 45 дақиқа давом мекунад ва арзиши билет 684 сомонӣ мебошад. Парвозҳо ба самти Самарқанд дар як ҳафта як бор рӯзҳои шанбе сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои Душанбеву Тошканд пас аз 25 сол 11-уми апрели соли 2017 барқарор шуданд. Ширкати "Сомон-Эйр" низ ба ин самти Душанбе-Тошканд хатсайр созмон додаст.

 

Барчаспҳо:
хатсайр, Самарқанд, парвоз, ҳавопаймо, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ