Рустам Эмомалӣ ба доди занон расид: дар Душанбе зидди "гаппартоӣ" гурӯҳи корӣ ташкил шуд

Обуна шудан
Ба гурӯҳи корӣ намояндагони шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи занон, Кумитаи ҷавонон ва дигар идораҳо шомил шуданд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бо дастури раиси шаҳр барои баррасии озори лафзии мардон нисбати занон гурӯҳи корӣ ташкил гардид. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Усмонзода хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, ба гурӯҳи созмондодаи шаҳр намояндагони шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи занон, Кумитаи ҷавонон ва дигар идораҳо шомил шуданд.

"Муроҷиати занонро шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ баррасӣ карда, дастур дод, ки гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад", — гуфт сухангӯй.

Вай афзуд, минбаъд аз дурбинҳои назоратии шаҳр муносибати мардону ҷавонон нисбати духтарону занон пайгирӣ карда мешавад. Аммо ҳоло гурӯҳ чораандешӣ нисбати ин тоифа мардонро муайян накардааст.

"Пас аз омӯзиши пурраи ин масъала роҳҳои мубориза бо он муайян хоҳад шуд", — мегӯяд Усмонзода.

Ёдрас мешвем, чанде пеш занон ба шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ мактуб навишта, дархост карда буданд, ки шаҳрдорӣ пеши роҳи ҷавонону мардонеро, ки ба қавле дар кӯчаҳову бозорҳо "гаппартоӣ" мекунанд, бигиранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин мавзӯъ баҳси доманадореро дар пай дошт.

Лентаи хабарҳо
0