03:53 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Эмомалӣ Рахмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Ҳамдардӣ ва ваъдаи Раҳмон ба роҳбарони ИМА, Швейтсария ва Нидерландия барои фоҷиаи сайёҳон

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Фоҷеаи садама ва куштори гардишгарон дар Данғара (8)
98430

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раисҷумҳурони Амрико, Шветсария ва подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия барои ба ҳалокат расидани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Тоҷикистон, изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Тоҷикистон ба Доналд Трамп, Раисҷумҳури Амрико, Ален Берсе, раисҷумҳури Шветсария ва Виллем-Алесандр, подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия барои ба ҳалокат расидани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

"Фоҷеаи ба ҳалокат расидани ду шаҳрванди Амрико, як шаҳрванди шоҳигарии Нидерландия ва як шаҳрванди Швейтсария бар асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Тоҷикистон боиси андӯҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид" — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба раисҷумҳурони Амрико, Швейтсария ва шоҳи Нидерландия ваъда додааст, ки барои муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

"Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед" — таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, 29 июли соли 2018, соати 15.30 дар ҷамоати Себистони Данғара, мошини "Леганза", ки ба Ҷаъфариддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дорад, 7 велосипедрони хориҷиро зер кардааст. Дар натиҷа 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои ВУД, ронанда ва се ҳамроҳаш аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар пайи амалиёт муттаҳамон ва мошинашон дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар деҳаи Торбулоқ 1 нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан ба маъмурин нобуд карда шуданд. Дар маҷмуъ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар ва боздошти 4 узви гуруҳи муттаҳам дар марги 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара хабар дод.

"Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Гуфта мешавад, ки баъди зер кардани сайёҳон афроди дохили мошин бо корд ба ҷабрдидаҳо ҳамла кардаанд. Аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.

ВУД дар лаҳзаҳои аввали фоҷиа изҳор дошт, ки фарзияи аввал садамаи нақлиётӣ мебошад ва ҳолатҳои дигарро низ таҳқиқ хоҳанд кард.

Мавзуҳо:
Фоҷеаи садама ва куштори гардишгарон дар Данғара (8)
Барчаспҳо:
саёҳон, садама, изҳори таслият, таслият, барқия, андӯҳ, ронанда, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ