20:00 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Таъкиди Раҳмон: муҷримони марги сайёҳон муайян ва муҷозот мешаванд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Фоҷеаи садама ва куштори гардишгарон дар Данғара (8)
73100

Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки ронандаи фирорӣ дар роҳи Данғара ҳар чи зудтар дастгир карда шавад

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар номаи таслият ба сарони кишварҳои сайёҳони кушташуда таъкид дошт, ки муҷримони ин ҳодиса муайян ва муҷозот мешаванд.

"Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд", — таъкид дошт кишвардор.

Бояд қайд кард, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи таслияти худ ба сарони ҳам Нидерландия, ҳам Швейтсария ва ҳам Амрико ин нуқтаро ёдрас шудааст.

Ёдрас мешвем, пештар хабар дода шуд, ки 29 июли соли 2018, соати 15.30 дар ҷамоати Себистони Данғара, мошини "Леганза", ки ба Ҷаъфариддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дорад, 7 велосипедрони хориҷиро зер кардааст. Дар натиҷа 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои ВУД, ронанда ва се ҳамроҳаш аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар пайи амалиёт муттаҳамон ва мошинашон дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд.

Ахиран, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар ва боздошти 4 узви гуруҳи муттаҳам дар марги 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара хабар дод.

Мавзуҳо:
Фоҷеаи садама ва куштори гардишгарон дар Данғара (8)
Барчаспҳо:
сайёҳон, садама, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ