Раҳмон ба Салини: навбати аввали агрегати "Роғун" бояд то тирамоҳ ба истифода дода шавад

© Пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон встретился с председателями организации Salini Impregilo Пиетро Салини
Эмомали Рахмон встретился с председателями организации Salini Impregilo Пиетро Салини - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Изҳори боварӣ карда шуд, “Салини Импреҷило” барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Имрӯз, 30 июл дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило"  дар масъалаи сохтмон ва барқарорсозии иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии "Роғун" муҳокима гардид.

"Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни як сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои дар фасли тирамоҳ ба истифода додани навбати аввали агрегати нерӯгоҳ бояд тамоми корҳо саривақт ва босифат иҷро гарданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати "Салини Импреҷило" ба  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот додааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии "Роғун" Ширкати "Салини Импреҷило" барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Ёдрас мешавем, моҳи январи соли ҷорӣ низ раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Пиетро Салини доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карда буд.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин ширкати байналмилалии сохтмонӣ дар иҷрои тарҳҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ахиран, 26 июл Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмони "Роғун" ба нерӯгоҳ сафар кард.

Лентаи хабарҳо
0