07:09 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар Хуҷанд: Мухбира Дониёрова мудири САҲШ таъин шуд

Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
42310

Мухбира Дониёрова хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Ӯ пештар дар САҲШ чун мутахассиси пешбар фаъолият доштааст

ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд дар САҲШ-и Хуҷанд мудири нав таъин гардид.Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бора фармони вижаи раиси  шаҳр Маъруф Муҳаммадзодаба тавсиб расидааст.

"Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дониёрова таъин карда шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Мухбира Дониёрова баъди хатми мактаби миёна соли 1994 ба ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, соли 1999 онро хатм намуда, дар донишгоҳи номбурда ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз бахшид.

Ҳамзамон дар ин муддат Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуд.
Аз соли 2012 то таъин шудан ба маснади мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд, дар шуъбаи мазкур ба сифати мутахассиси пешбар фаъолият дошт.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, САҲШ, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ