13:58 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1142 0 0

Намояндаи вазорати хориҷаи Эрон Баҳром Қосими эълон кард, ки кишвараш ҳаргуна иртибот бо ин ҳодиса ва вуҷуди пойгоҳ барои омӯзиши иқдомоти харобкорона дар хоки худро ба шиддат такзиб мекунад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Эрон иттиҳоми даст доштанаш дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон рад кард ва онро ба шиддат маҳкум кард, гуфт сухангӯи расмии Вазорати хориҷаи Эрон Бахром Қосими.

"Эрон ҳаргуна иқдоми террористӣ дар нуқоти мухталифи дунё аз ҷумла ҳодисаи ахири зидди гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистонро маҳкум мекунад", — таъкид кард вай.

Инчунин ба гуфтаи Баҳром Қосими, Эрон ҳаргуна иртибот бо ин ҳодиса ва вуҷуди пойгоҳ барои омӯзиши иқдомоти харобкорона дар хоки худро ба шиддат такзиб мекунад ва гуфт омодагӣ дорад, барои баррасии абъоди ин қазия бо мақомоти зирабти тоҷик ҳамкорӣ намояд.

Вай тарҳи ин қабил масоили бепояву асосро ба зиёни равобити дӯстона ва бародаронаи миёни Эрон ва Тоҷикистон донист ва ибрози умедворӣ кард, ки дутараф бо кумаки якдигар ба тақвияти муносиботи тарафҳо бипардозанд ва иҷоза надиҳанд, ки душманон бо тарҳи ин қабил масоил халале дар равобити дуҷониба эҷод кунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан созмони террористӣ бо пахши як изҳорот бо забони арабӣ дар Твиттер таъкид намудааст, ки ҳамла ба шаҳрвандони коалитсияи кишварҳои салибӣ кори "сарбозони хилофат" мебошад.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки аз пайи озори шаҳрвандони кишварҳои салибӣ дар ҳар нуқтаи ҷаҳон аст ва амалҳои минбаъдааш бадтар аз ин хоҳанд буд.

Ҳодисаи маргбор 29 июл дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рух дод, ки дар натиҷа чор нафар, ду шаҳрванди ИМА ва шаҳрвандони Ҳолланду Швейтсария ба ҳалокат расиданд. Мошини "Леганза", ки ҳомили афроди мусаллаҳ будааст, гуруҳи дучархасаворонро зер кардааст ва сипас ҷабрдидагон ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифтаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тамоми фарзияҳоро аз садамаи нақлиётӣ, то роҳзанӣ ва амали террористӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки ВУД ҷузъиёти ҳамла дар Данғараро нашр карда, онро кори аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ хондааст.

Барчаспҳо:
амали террористӣ, ҳамкорӣ, террористӣ, вокуниш, Эрон, Тоҷикистон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ