16:33 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Дучархаҳои гардишагарон, акс аз бойгонӣ

Ҷасадҳои сайёҳони кушташударо ба сафорати кишварҳояшон супурданд

© AP / Zuly Rahmatova
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
428 0 0

Ҷасади чор шаҳрванди хориҷии кушташударо ба наздикӣ ба ватанашон мефиристанд. Сафоратҳои кишварҳои хориҷа дар Тоҷикистон дар айни омода сохтани санадҳои лозима ҳастанд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҷасади чор шаҳрванди хориҷиро, ки дар пайи ҳамлаи хунин дар ҷануби Тоҷикистон кушта шуданд, ба дасти кормандони сафоратҳои ИМА, Нидерландия ва Швейтсария супурданд, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба дафтари матбуотии ВУД ҶТ.

"Ҷасади чор шаҳрванди хориҷӣ — ду шаҳрванди Амрико, як шаҳрванди Ҳолланд ва як шаҳрванди Швейтсария ба  намояндагони ин кишвар супурда шуд. Бакрои интиқоли ҷасадҳо сафорати кишварҳо дар Тоҷикистон омодагӣ мебинанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аммо кормандони сафоратҳои ин кишварҳо дар Тоҷикистон аз тавзеҳи ин хабар худдорӣ карданд.

"Ин бисёр масъалаи шахсӣ аст ва мо бо хоҳиши наздикони кушташуда, ба ин суол ҷавоб дода наметавонем", — гуфтаанд аз сафорат дар Душанбе.

Макони ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон
© Sputnik Данияр Асылбек уулу
Макони ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ҳодисаи маргбор 29 июл дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рух дод, ки дар натиҷа чор нафар, ду шаҳрванди ИМА ва шаҳрвандони Ҳолланду Швейтсария ба ҳалокат расиданд. Мошини "Леганза", ки ҳомили афроди мусаллаҳ будааст, гуруҳи дучархасаворонро зер карда, сипас ҷабрдидагон ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифтаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар мавзеи ҳамла ба гардишагарон дар Данғара лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.

Ҳамчунин ду гардишгарро, ки дар пайи ин ҳодиса маҷрӯҳ шуда буд, ба бемористони Душганбе оварданд.

Як шаҳрванди дигари Фаронса Гуиллаюм Джеан, ки дар пайи ҳодиса осеби шадиди равонӣ бардошта буд, пас аз сӯҳбат бо равоншинос ба кормандони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон супурда шудааст.

Барчаспҳо:
ҷасад, ҳамла, гардишгар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ