22:38 25 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Ҳисобу китоб, акс аз бойгонӣ

Вазир: маоши низомиён 10 дарсад ва дигарон 15 дарсад баланд мешавад

© Sputnik / Игорь Лекаркин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
285 0 0

Сокинони Тоҷикистонро болоравии музди маош интизор аст. Қарор аст, моҳонаи коргарон дар кишвар аз 10 то 15 дарсад боло бурда шавад. Инчунин зиёдшави стипендия ва нафақа низ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Аз 1-уми сентябри соли 2018 дар Тоҷикистон ҳаҷми маош, нафақа ва стипендия боло меравад. Дар ин бора  вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар рафти нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, тибқи нақша барои боло бурдани маошу нафақа Ҳукумати Тоҷикистон аз буҷаи давлат аллакай  маблағ ҷудо кардааст.

Тавре Қаҳҳозода афзуд, моҳонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён то 10 дарсад боло бурда мешавад. Маоши дигар кормандони буҷетӣ, бознишастагон ва стипендия 15 дарсад боло бурда мешавад.

"Барои боло бардани музди кор, нафақа ва стипендия монеае нес", —таъкид кард вай.

Лозим ба ёдоварист, ки 22 декабри соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи боло бурдани музди маош эълон карда буд. Вай гуфта буд, ки музди маош барои кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоӣ 15 дар сад боло бурда мешавад.

 

Охирин бор дар Ҳукумати Тоҷикистон музди моҳонаро моҳи июли соли 2016 аз 15 то 30 дарсад боло бурда буд. 

Барчаспҳо:
молия, вазорат, маош, болоравии маош, музди меҳнат, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ