22:46 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Сайёҳ, акс аз бойгонӣ

Кумитаи сайёҳӣ: полис ройгон сайёҳонро ҳамроҳӣ мекунад

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9701

Кормандони полиси Тоҷикистон минбаъд гуруҳи сайёҳонро дар масири ҳаракаташон бепул ҳамроҳӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik.  Дар ин бора РИА Новости аз қавли Моҳлиқо Шарипова, сухангӯи Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ ҳадафи ин иқдом таъмини амнияти сайёҳон баъди террори 29-уми июл дар ноҳияи Данғара мебошад.

Ба гуфтаи Шарипова воҳидҳои махсуси полиси сайёҳон бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ташкил шудаанд ва феълан масоили техникию кадрӣ мавриди баррасӣ қарор доранд. Аз ҷумла ташкили телефонҳо барои тамоси доимӣ ва омодасозии мутахассисон коркард шуда истодааст.

Ҳаракати сайёҳони инфиродӣ бошад тариқи дидгонгоҳҳои милиса ва БДА пайгирӣ хоҳанд шуд.

Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар назди Шӯъбаи милиса дар масоили экологии ВУД шӯъбачаи сайёҳии милиса  таъсис дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, вазифаи шӯъбаи нав, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳону ҷиноят нисбати сайёҳон мебошад.

"Минбаъд агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд", — изҳор дошт ВУД.

Ҳамла ба сайёҳон 29 июл дар ноҳияи Данғара сурат гирифта, дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.

Барчаспҳо:
шуъбачаи махсуси сайёҳии милиса, амният, сайёҳат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ