10:56 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Кормандони пулиси ш. Душанбе, акс аз бойгонӣ

Боздошти боз як корманди пулиси Тоҷикистон барои гирифтани ришва

Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
789 0 0

Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон корманди ШВКД шаҳри Роғунро барои гирифтани пора ба андоза 9 ҳазору 700 сомонӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, корманди ШВКД шаҳри Роғун бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматаш барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани сокнини ин шаҳр аз вай ба маблағи 9 ҳазору 700 сомонӣ пора талаб кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёти оперативӣ баъд аз гирифтани маблағи 9 ҳазору 700 сомонй дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун корманди ШВКД шаҳри Роғун бо номи Зикиров Файзулло Ҷунайдович боздошт гардид.

"Шаҳрванд "А" ба Ожонсӣ муроҷиат намудааст, ки корманди ШВКД шаҳри Роғун бо номи «Файзулло» бо мақсади бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматӣ, ба боварии ӯ даромада, барои ба таври мусбӣ ҳал намудани маводи санҷишӣ ва аз ҷавобгарии ҷинояти озод намуданаш маблағи пулии 9ҳазору 700 сомонӣ талаб карда истодааст", — таъкид кард манбаъ.

Нисбати корманди ШВКД шаҳри Роғун Зикиров Файзулло Ҷунайдович бо қисми 3 моддаи 32 — 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Барчаспҳо:
ришва, ришвастонӣ, кормандони милитсия, пулис, пора, Роғун, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ