Сӯхтор дар Суғд: анборҳои бозори масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафт

© PixabayПожарные тушат огонь, архивное фото
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар амборҳои бузурги масолеҳи сохтмонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сӯхтор сар зад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, 6 анбори нигаҳдории масолеҳи сохтмонии назди бозори Ваҳдат ба коми оташ фуру рафт.

Ба гуфтаи манбаъ, масоҳати умумии сухтор 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

"Тақрибан соати шаши саҳар посбони анборҳо занг зада хабар дод, ки дар анборҳо сӯхтор сар задааст. Барои сухторхомушкунӣ 10 мошин ва дигар нақлиёти ёрирасон ҷалб карда шуд. Дар натиҷа дар давоми 1 соату 10 дақиқа оташ пурра хомуш карда шуд", — гуфт манбаъ.

Манбаъ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисон сабаби сар задани сӯхторро баррасӣ карда, хисороти расидаро ҳисобу китоб доранд.

Лентаи хабарҳо
0