12:38 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Ширкати Билайн дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ҷаримаро месупоред: "Билайн" дар баҳси додгоҳӣ аз Кумитаи андоз шикаст хӯрд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
186 0 0

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар баҳси миёни ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи “Билайн” ва Кумитаи давлатии молиёт ба нафъи ин кумита ҳукм содир кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо баррасии шикояти хадамоти телефони ҳамроҳи "Билайн" алайҳи Кумитаи давлатии молиёти ин кишвар ҳукм ба пардохти 51 миллиону 144 ҳазор сомонӣ ба нафъи ин кумита содир кард.  Дар ин бора хабаргузории "Парс тудэй" хабар медиҳад.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон дар пайи таҳқиқу тафтиш аз фаъолияти ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи "Билайн" ба далели ифшо шудани мавориди фирор аз пардохти молиёт ин ширкатро 51 миллиону 144 ҳазор сомонӣ ҷарима кард, аммо мудирияти ин ширкат бо эътироз ба иқдоми Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон баҳсро ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе кашонд.

Аммо ин додгоҳ низ ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи "Билайн"-ро муқассир дониста, ба пардохти маблағи ҷаримаи эъломшуда аз сӯйи Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон ҳукм содир кард. Ин дар ҳолест, ки соли 2016 низ Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи "Билайн"-ро ба иттиҳоми фирор аз пардохти молиёт 155 миллион сомонӣ ҷарима карда буд.

Дар он замон низ талоши ин ширкат барои лағви ин ҷарима дар додгоҳ натиҷа надод. Ҳамчунин талоши ширкати дигари хадамоти телефони ҳамроҳи "Мегафон", ки ба маблағи 155 миллион сомонӣ ҷарима шуда буд, барои аз тариқи додгоҳ лағв кардани ин муҷозот ба ҷое нарасид.

Коршиносон мӯътақиданд, эъмоли маҳдудият ва афзоиши мизони молиёти пардохтӣ дар Тоҷикистон мӯҷиб шудааст, ки ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ мутаҳаммили хисоратҳои калон шаванд.

Солҳои қабл ин ширкатҳо солиёна ба буҷаи давлати Тоҷикистон беш аз як миллиард сомонӣ молиёт пардохт мекарданд, аммо акнун ин шохис ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Барчаспҳо:
ҷарима, андоз, Ширкати "Билайн", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ