13:41 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, акс аз бойгонӣ

Пешниҳод ба Ҳукумат барои ташкили сайри Душанбе бо киштиҳои обӣ (АКС)

© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
242250

Нурмуҳаммад Шамс, олими ҷавони тоҷик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва ҳукумати Тоҷикистон идеяи ташкили сайри пойтахт бо киштиҳоро пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Олими тоҷик бо нашри як матлаб дар саҳифаи фейсбукияш изҳор доштааст, ки роҳандозии киштисаворӣ дар Канали калони Ҳисор, ки 8 километри он аз Душанбе мегузарад, имконпазир ва хеле арзон аст.

“Канали калони Ҳисор, ки аз дарёи Душанбе сар мешавад ва то шаҳри Турсунзода ҷорист хеле диданист, аммо агар 8 км ин каналро, ки аз шаҳри Душанбе убур мекунад паҳнояшро васеътар кунем то ин ки киштиҳои хурд барои саёҳон ва сокинон ки аз як тафреҳ нисбатан бенасибанд, шино кунанд ва дар ду канор боғҳо ва биноҳои истиқоматӣ бунёд шаванд ба шаҳрамон ҳусни дигар мебахшад”, — изҳор доштааст Нурмуҳаммад.

Ӯ таъкид намудааст, ки паҳноии каналро, ки феълан 20-30 метр мебошад,  метавон бо харҷи хеле кам васеъ намуд.  Нурмуҳаммади Шамс изҳор доштааст, ки тариқи моҳвора канори каналро  омӯхтааст ва ҳеч бинои муҳиме феълан дар соҳили он сохта нашудааст.

Олими тоҷик зикр кардааст, ки дар саргаҳи канал Кӯли ҷавонон ҷойгир шудааст ва зарур аст, ки дар охири 8-километрӣ низ як кӯл сохта шавад.

Барчаспҳо:
Канали калони Ҳисор, киштисаворӣ, сайри Душанбе, сайёҳи, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ