13:42 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
замини пахта, акс аз бойгонӣ

Муовини сравазир барои огаҳӣ аз вазъи кишти пахта ба Суғд сафар кард

CC0 / Pxhere
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

8 августи соли равон Маҳмадтоҳир Зокирзода муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини сарвазири Тоҷикистон, ба вилояти Суғд сафари дурӯзаи корӣ анҷом медиҳад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки зимни сафари дурӯзаи худ, муовини сарвазир аз ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Ашт боздид карда, бо рафти корҳои саҳроӣ, нашъунамои пахта, кишти такрорӣ, фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ шинос мешавад.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини сарвазир, бо масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳияҳои зикршуда машваратҳои корӣ баргузор намояд.

Барчаспҳо:
муовин, кишт, пахта, Суғд, замин, сарвазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ