11:26 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев

Музокироти Раҳмон бо раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти як ба як анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Имрӯз баъд аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон, музокироти як ба яки роҳбарони ду кишвар баргузор гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷуимҳури Озарбойҷон хабар додааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки пас аз музокироти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев, мулоқот дар ҳайати васеъ баргузор гардид.

Инчунин мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Наврӯз Мамедов, нахуствазири Озарбойҷон ва Огтаем Асадов, раиси Маҷлиси ин кишвар дар назар аст.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Озарбойҷон шурӯъ шуд.

Маросими истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Илҳом Алиев раисҷумҳури Озарбойҷон дар назди Қасри Загулба баргузор шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
© Фото : пресс-служба президента Таджикистана

Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Додситони кулл, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, телевизион ва радио, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ — фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қарор аст, зимни сафари дурӯзаи раисҷумҳур байни ду кишвар чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон то 11 август дар Озарбойҷон мемонад.

Пештар дафтари матбуоти раисҷумҳур гуфта буд, ки дар ин рӯзҳои сафари корӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон дар назар аст. Инчунин, ҳайъати ҳамроҳи раисҷумҳур бо намояндагони Ҳукумати Озарбойҷон музокирот хоҳанд кард.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазир ва раиси порлумони Озарбойҷон низ мулоқот хоҳад кард. 

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, сафари расмӣ, музокирот, Алиев, мулоқот, Озарбойҷон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ