06:23 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Портфель, архивное фото

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба пайгарди байналмилалӣ эълом шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
143020

Раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғавуров дар гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Абдусамад Маннонзода ба пайгарди байналмилалӣ эълом шуд. Дар ин бора имрӯз, 10 август дар рафти нишасти матбуотӣ мудири Раёсати Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд Карим Иброҳимзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Абдусамад Маннонзода, ки дар гирифтани пора дар намуди махсусан калон муттаҳам мешавад, пештар ба пайгард эълон шуда буд, ҳоло бошад ба пайгарди байналмилалӣ эълом шудааст.

"Бо далели ба пайгарди байналмилалӣ эълом шуданаш тавлиди парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ  бозистонда шуд", — афзуд Иброҳимзода.

Вай гуфт, ки моҳи марти соли 2014 раиси Ассотсиатсияи илмиву истеҳсолии ба номи Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вай 14 ҳазор доллар ва автомашинаи Тайота Камриро, ки арзишаш 26 ҳазор доллар будааст, ба сифати пора додааст.

"Пора ба мақсади ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкили  хоҷагии ёрирасон дода шудааст. Дар натиҷа Маннонзода бо як қарор 2,24 га заминро ба хоҷагии мазкур ҷудо намудааст", — гуфт Иброҳимзода.

Вай афзуд, нисбати порадиҳанд, роҳбари ассотсиасия низ ба иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон парванди ҷиноӣ боз шуд.

Нисбати Абдусамад Маннонзода бошад, тибқи моддаи 319 қисми 4 банди "г" (гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон) Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда, ӯро ба пайгарди байналмилалӣ эълом кардаанд.

Барчаспҳо:
пайгард, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ