Шикояти бобо: гуфтанд Марямро ба мактаби президентӣ намегирем

© © Sputnik / Амир ИсаевМаҳмадраҳим Шоев бо Марям Шоева
Маҳмадраҳим Шоев бо Марям Шоева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадраҳим Шоев мегӯяд, бо дастгирии раисҷумҳур набераашро ба Ватан баргардонида ба дасти наздиконаш супурданд, аммо масъулини маорифи Ҳисор барои ба таълим фаро гирифтани духтарак беэътиноӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Маҳмадраҳим Шоев сокини шаҳри Ҳисор, бобои Марям Шоева- кӯдаки 10-солаи тоҷик, ки моҳҳои апрел аз урдугоҳи Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуд, ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид муроҷиат мекунад, ки дар таҳсили наберааш Марям дар мактаби ҷумҳуриявии президентӣ дар ноҳияи Ҳисор мусоидат кунад. Ӯ ба вазири маориф аз беэътиноии масъулини соҳаи Ҳисор дар ин масъала шикоят мебарад.

Шоев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барои мусоидат дар таҳсили Марям аллакай қариб дари тамоми масъулини шаҳри Ҳисорро кӯфту касе дастгириаш накард.

Ба гуфтаи вай, роҳбарияти мактаби мазкур бо баҳонаи озмун барои қабули хонандагон ва гузаштани мӯҳлат набераашро қабул накардаанд. Ҳатто онҳо ба Шоев маслиҳат надодаанд, ки барои дохил кардани Марям  чӣ кор кунад.

"Онҳо медонанд, ки Марям чӣ саргузашт дорад. Ман чанд бор назди масъулини мактаб рафта, гуфтам, ки ҳамин сағираро дастгирӣ кунед. Дар хӯрок не, пӯшок не, танҳо тарбия намоед, аммо посухе нагирифтам. Гуфтанд, ки ин мактаби ноҳиявӣ нест, ҷумҳуриявӣ аст", — шикоят мекунад мард.

Таджикская девочка Марьям, найденная в Ираке - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳиши Шоев аз мақомоти Тоҷикистон: баъд аз сари ман Марямро соҳибӣ кунед

Ба гуфтаи вай, пас аз баргардонидани духтарак ба Тоҷикистон масъулин ба бобо ваъда додаанд, ки дар ин иқдом мусоидат мекунад. Аммо ҳоло касе ба додашон нарасидааст.

"Вақти ба Тоҷикистон оварданаш дарҳол ба масъулин гуфта будам, ки дар ҳамин масъала дастгирӣ кунанд. Онҳо ваъда доданд, ки албатта барои ба таълим фаро гирифтани Марям дар мактаби президентӣ дасти ёрӣ дароз хоҳанд кард, аммо имрӯз касе хоҳиши кӯмак карданро надорад", — гуфт вай.

Шоев дар муроҷиат ба Нуриддин Саид гуфт, ки наберааш бисёр қобилиятнок аст, чанд забон, аз ҷумла забони русӣ, англисӣ ва арабиро медонад, хонда ва навишта метавонад, аммо мутаассифона дар мактабе дар Тоҷикистон таҳсил надидааст.

"Марям бисёр духтари доност. Чанд забонро омӯхтааст. Аммо ҳоло аз вай талаб доранд, ки дар озмун бояд иштирок кунад. Агар дар Тоҷикистон таҳсил накарда бошад, чигуна метавонад ба суолҳои онҳо посух гӯяд. Ман гуфтам, наход шумо ҳамин сағираро дастгирӣ карда натавонед, онҳо танҳо баҳона меҷӯянд",- мегӯяд вай.

Марьям, предполагаемая таджичка в Ираке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши Раҳмон: Марям ва се кӯдаки дигарро аз Ироқ ба ҶТ оварданд

Шоев афзуд, ки намехоҳад Марям ба мактаби деҳаи Ғайратобод равад.

"Аввал ин ки шояд Марямро ба синфи 2 ё 3 не, 1 гиранд, Марям бошад ба наздикӣ 11-сола мешавад. Баъдан дар деҳа ӯро метавонанд таъна кунанд. Намедонам, чӣ кор кунам", — нигарон мешавад Шоев.

Маҳмадраҳим Шоев изҳори умедворӣ мекунад, ки вазири маориф ин қазияро таҳти назорати шахсиаш мегирад.

"Бо ин масъала ба Ҳукумати ноҳия муроҷиат кардем, ба шӯъбаи маорифи Ҳисор муроҷиат кардем, касе ҳатто маслиҳат надод, ки ақалан барои дохил кардани духтарак ман чӣ кор кунам. Ҳоло аз вазири маорифи Тоҷикистон умед дорам, ки шояд ба ин қазия рӯшанӣ андозад ва дар таълими Марям мусоидат кунад", — афзуд вай.

Маҳмадраҳим Шоев ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон дар баргардонидани кӯдакони тоҷик изҳори сипос намуд ва гуфт, ки умед дорад, дар масъалаи таҳсили духтарак низ масъулини маорифи Тоҷикистон беэътиноӣ намекунанд ва Марям-шоҳиди ҷангҳои даӯҳшатафкан, дар фазои ороми Тоҷикистон тарбия гирифта, кадри хубе шуда ба Тоҷикистон хидмат мекунад.

Ёдрас мешавем, пештар дар бораи саргузашти ин духтараки тоҷик хабар дода будем. Падару модар ва хоҳару бародарони Марям дар ҷангҳои даҳшатафкани Ироқу Сурия ҳалок шуда, ӯро бори аввал рӯзноманигорон аз урдугоҳе дар Ироқ  пайдо карданд. Марям моҳи апрел ҳамроҳ бо се кӯдаки дигари тоҷик ба ватан баргардонда шуд.

Макраби президентии Ҳисор моҳи сентябри соли 2015 дар доираи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳр ифтитоҳ ёфт.

Ин муассисаи муосири таълимӣ аз рӯи шаҳомат пас аз боргоҳҳои илму маърифат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Чкалов ва Бохтару Данғара ҳафтумин мактаби президентӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0