14:34 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
172933

Раёсати техникии ширкати Тселл мушкилоти дастрасӣ ба интернет ва алоқаи босифатро дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон тасдиқ карда, онро ба тангдастии ширкат тайи се соли охир рабт додааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раёсати техникии Тселл дар мулоқот бо мизоҷон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд изҳор доштааст, ки давом се соли гузашта шабакаҳояшон васеъ гардида, теъдоди мизоҷон афзоиш ёфт, аммо ширкат имкони молӣ барои хариди дастгоҳҳои нав надошт. Дастгоҳҳои қаблӣ тавони бардошти сарбориро надоштаанд ва дар натиҷа баъзан мушкилоти дастрасӣ ба интернет ва алоқаи босифат пайдо шудаанд.

Манзура Маҳкамова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва яке аз иштирокдорони мулоқот аз қавли масъулини Тселл иттилоъ дод, ки баъди соҳимулки комили ширкат шудани Бунёди Оқохон ва дарёфти сармоягузориҳо, дастгоҳҳои нав аллакай харида шуданд. 

Масъулини Тселл изҳор доштаанд, ки бо дарёфти дастгоҳҳои нав таҷдиди инфрасохтори ширкатро оғоз кардаанд ва то охири моҳи сентябри соли равон сифати хизматрасониҳо беҳтар мешавад.

Раёсати Тселл таъкид намудааст, ки интернетро аз ширкатҳои дастраскунандаи дигар мехарад ва суръати интернет комилан аз худи Тселл вобаста нест.

Гилаи Тселл аз тангдастӣ дар ҳолест, ки мизоҷон барои хадомоти алоқа ва интернет дар Тоҷикистон яке аз баландтарин нархҳо дар минтақаро пардохт мекунанд. 

Раёсати ширкат дар ин робита мушкилоти марбут ба андоз, расмиёти зиёд ва беқурбшавии пули сомониро зикр кардаанд. Ширкат хадамотеро, ки дар бозори Тоҷикистон ба ивази сомонӣ ироа мекунад, аз хориҷ бо доллар мехарад ва бинобар ин ҷаҳиши доллару коҳиши қурби сомонӣ зарба ба вазъи молии ширкат арзёбӣ мешавад.

Раёсати Тселл таъкид намудааст, ки пайваста омода аст, бо мизоҷон барои беҳбуди хидматрасонӣ ҳамкорӣ кунад ва аз мизоҷон дархост кардааст, ки ҳар мушкиле пайдо гардад, ба ширкат иттилоъ диҳанд.

 

Барчаспҳо:
алоқа, интернет, хадамот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ