13:05 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1494 0 0

Искандар Асадуллоев, донишманди тоҷик, собиқ ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон 15 август дар синни 68-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои наздикон вазъи саломатии донишманди марҳуми тоҷик баъди тағйири боду ҳаво тайи рӯзҳои охир бад шуда буд ва рӯзи 15 август дар пайи сактаи дил ҷон дод.

Маросими видоъ бо Искандар Асадуллоев 16 август дар шаҳри Душанбе  дар назар аст.

Искандар Асадуллоев, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов буда, баъди дифои рисолаи номзади илми фалсафа ба ҳайси дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, корманди масъули Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият намудааст.

Ӯ инчунин як муддат ба ҳайси хабарнигори бахши русии Радиои "Озодӣ" фаъолият карда, баъдан маркази иттилотию тадқиқотии "Симурғ"-ро таъсис дода буд.

Марҳум аз моҳи июли соли 1996 ба ҳайси ёрдамчии раисиҷумҳури  Тоҷикистон ва аз соли 1998 ба ҳайси мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи январи соли 2007 вазифаи сарходими илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2003 рисолаи доктории худро бомуваффақият  дифоъ  кардааст.

Марҳум "Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва узви Созмони байналмилалии Гегел буд.

Барчаспҳо:
маросими видоъ, Искандар Асадуллоев, ёрдамчии раисиҷумҳур, даргузашт, ҷаноза, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ