14:41 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Шермуҳаммади Бозор ва Мухторов Исмоил дар як қатор силсиладуздиҳо муттаҳам мешаванд: онҳо шабона мардумро ғорат мекарданд. Ду ҷавон дар маҳаллаи Гипрозем барои як телефон сокини Душанберо аввал корд заданд ва сипас буғӣ карданд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе ду ҷавонро ба иттиҳоми дуздӣ боздошт кард: онҳо шабона ба ғорати мардум машғул будаанд.

Шермуҳаммади Бозор ва Мухторов Исмоили 23 сола, сокинони Кӯлоб бо шарикони худ "Баха", "Манучеҳр" ва "Комрон", ки дар пайгард эълом шудаанд, дар Душанбе пешакӣ маслиҳат карда, даст ба ҷиноят мезаданд.

Бино бар иттилои тафтишот, ду муттаҳам шаби 31-уми июл дар маҳаллаи Гипрозем ба Муҳаммадзариф Дамиров дарафтода, ӯро латукӯб ва буғӣ карда, корд задаанд ва телефони мобилиашро рабудаанд.

Ҳамчунин, ду ҷавон дар кӯчаи Борбади пойтахт бо роҳи зӯроварӣ телефони Абдуғаффор Давлатовро гирифтаанд.

Шермуҳаммад ва Исмоил ҳамчунин акумлятори чандин мошини боркашро дуздидаанд.

Гумонбарон дастгир ва тафштишот идома дорад.

Барчаспҳо:
дуздӣ, боздошт, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ