16:53 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
133 0 0

Қалби писари рӯзноманигор ва адиби машҳури тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ - Қудрат Афардӣ дар синни 44-солагӣ якбора аз кор монд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар Душанбе мудири филиали ширкати телевизион ва радиои "Мир" Қудрат Афардӣ вафот кард.

Мудири ширкат дар синни 44-солагӣ дар пайи якбора аз кор мондани қалбаш вафот кардааст.

Қудрат Афардӣ — писари рӯзноманигор ва адиби машҳури тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ буд. Ин адиби машҳури Тоҷикистонро дар соли 2000-ум дар назди манзилаш кушта буданд.

Қудрат Афардӣ солиёни зиёд дар Душанбе филиали МТРК "Мир"-ро роҳбарӣ мекард.

Бино бар маълумоти пешакӣ, далели вафоти рӯзноманигор аз кор мондани нобаҳангоми қалбаш гаштааст. Қудрат Афардиро фардо, 18 август дар Душанбе ба хок месупоранд.

Барчаспҳо:
даргузашт, Қудрат Афардӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ