Иқдоми мақомот: нархи фурӯш ва бақайдгирии симкорт 250 сомонӣ шуд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мизоҷонро огоҳ кардаанд, ки фурӯш ва бақайдгирии дубораи симкортҳо аз 1 сентябр ба ивази 250 сомонӣ амалӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бархе аз мизоҷон дар Тоҷикистон, ки ба номашон беш аз ду симкорт доранд, паёмак гирифтаанд, то симкортҳо бевосита ба номи нафаре сабт гарданд, ки онро истифода мекунад. Аз мизоҷон дархост шудааст, ки то 1 сентябр ба наздиктарин нуқтаи хизматрасонӣ ҳозир шаванд, чун баъди ин сана арзиши сабти дубораю бақайдгирӣ 250 сомониро ташкил хоҳад дод.

Тавре маъмурини умури алоқаи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин иқдом бар асоси суратҷаласаи муштараки мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ, алоқа ва ширкатҳои мобилӣ роҳандозӣ мешавад. Ташаббускори иқдом Вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст.

Нархи 250 сомонӣ ҳадди ниҳоӣ набуда, бар асоси бархе аз пешниҳодҳо дар оянда эҳтимоли зина ба зина болотар рафтани нархи симкорт дар назар аст. 

Ҳадафи ин иқдом масоили амниятӣ ва ҷилавгирӣ аз зуд иваз кардани симкортҳо арзёбӣ шудааст.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, он зарбаи ҷиддӣ ба буҷаи мардум, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳад буд. Чун муҳоҷирони меҳнатӣ маҷбур мешаванд, ки ҳар бори бозгашт аз муҳоҷират барои фаъолсозии дубораи симкорташон 250 сомонӣ пардохт кунанд.

Феълан ширкатҳои мобилӣ хизматрасонии симкортҳоро дар сурати истифода нашуданаш аз се то шаш моҳ қатъ мекунанд. Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷир барои дарёфти қути лоямут ба хориҷ мераванд ва одатан мавсими муҳоҷират аз 6 моҳ бештар тӯл мекашад.

Лентаи хабарҳо
0