Дар Хуҷанд дар иди Қурбон сарбозонро зиёфат доданд

© Дафтари матбуотии раиси шаҳри ХуҷандБарои низомиён дар Хуҷанд дастархони идона оростанд
Барои низомиён дар Хуҷанд дастархони идона оростанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд сарбозонро бо иди Қурбон шодбош гуфта, барояшон дастархони идона оростанд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Имрӯз, 21 август дар қисми низомии 3501 РВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ИдиҚурбон ҷамъомади тантанавӣ ва дастархони идона ороста шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷамъомад намояндагони Ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ширкат дошта, аз номи раиси шаҳри Хуҷанд ва раиси вилояти Суғд низомиёнро бо иди саид шодбош гуфтанд.

"Имрўзҳо дари масҷидҳо барои намозгузорон боз мебошад. Бояд шукр гўем, ки мусалмонони диёрамон тамоми рукнҳои дини мубини Исломро озодона иҷро менамоянд. Имсол аз Суғд беш аз 1600 нафар ба зиёрати маконҳои муқаддас рафтанд. Умедворем, ки онҳо баъди адои маносики Ҳаҷ, дар Ватан барои баланд бардоштани одобу ахлоқ ва рафтору гуфтори ҳамида, тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши арзанда мегузоранд", — гуфт намояндани раиси вилояти Суғд Ғолиб Шарифзода.

Барои сарбозон зиёфати идона пешниҳод гардид.

Имрӯз дар Тоҷикистон иди Қурбон таҷлил мешавад. Иди Қурбон яке аз ду идҳои Ислом мебошад, ки дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил мешавад. Ҳамчунин дар ин моҳ мусалмонон ба зиёрати Ҳаҷ мераванд. Имсол аз Тоҷикистон бештар аз 6 ҳазор зоир ба зиёрати Каъба рафтанд.

Лентаи хабарҳо
0