Ҳушдор: ҳаво дар Тоҷикистон якбора паст мешавад

CC0 / Beryl_snw / Rain - EDДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурӯъ аз имрӯз то 23 август дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, ҳарорати рӯзона то 5-7 дараҷа паст мефарояд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тавре аз ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон ба хабаргузории "Ховар" хабар додаанд, дар Тоҷикистон ҳаво якбора то 5-7 дараҷа паст мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар водиҳои вилояти Суғд пастшавии ҳарорат то 10 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол аз самти ғарб аз 15-20 то 25 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бошад, чангу ғубор ба амал меояд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5+10 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 19-24 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +31 + 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +17 +22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шабона +19+21 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0