Бо ришваситонӣ мубориза бурдан мехоҳед? - агентӣ ба кор даъват мекунад

© Sputnik / Дмитрий АстаховЧиновник выходит из кабинета
Чиновник выходит из кабинета - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон кардааст. Аз давталабон ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ тақозо мешавад. Музди кор аз 628 то 859 сомонӣ муайян шудааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон шудааст.

Тавре вебгоҳи ниҳод хабар медиҳад, дар ожонс 15 мансаби холӣ муайян шудааст, ки ба он аз ҳисоби мутахассисон корманд қабул карда мешавад.

Ҳамин тавр, Ожонси мубориза бо фасод шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ишғоли мансаби ёвари мудири супоришҳои махсус, нозири калони раёсати ташкили кор, нозири калони раёсати кадрҳо, нозири калони бахши коргузории махфӣ, муфаттиши бахши тафтишотӣ ва ғайраҳо ба кор даъват мекунад.

Таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ ҳатмӣ буда, аз як сол то се сол собиқаи корӣ талаб карда мешавад.

Маош аз 628 то 859 сомонӣ муайян шуда, гуфта мешавад, иловапулӣ низ дода мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд бо шартҳои озмун ва мансабҳои холӣ аз вебгоҳи Ожонси мубориза бо фасод шинос шаванд.

Лентаи хабарҳо
0