Ин чӣ шурест: дар Хуҷанд ду духтари мактабхон писари ноболиғро шаш корд заданд

© Marco / ZakКухонный нож, архивное фото
Кухонный нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд ду духтар- хонандагони синфи 9 ҳамсинфашонро шаш корд заданд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд зимни машварати роҳбарони мактабҳои шаҳри Хуҷанд аз ин ҳодиса бо изҳори нигаронӣ хабар додааст.

Вай афзудааст, ки духтарон хонандаҳои синфи 9 мактаби №23 шаҳри Хуҷанд мебошанд.

"Ду духтараки ноболиғ, ба як писарбача — хонандаи синфи 9 мактаби №23 шаш корд задааанд. Бале, духтар корд задааст", — гуфтааст бо таассуф Нуруллозода.

Ба гуфтаи вай, чунин ҳодиса дар Хуҷанд бори аввал рух додааст.

Нуруллозода афзуд, ҷабрдида дар бемористони шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ ва бистарӣ шудааст.

"Худоро шукр, ҳоло саломатиаш беҳтар аст ва таҳти назорати табибон қарор дорад",- афзуд муовини раиси шаҳр.

Нуруллозода мудирони мактабҳоро вазифадор кард, ки ба тарбияву таълими хонандагон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Дар давоми 6 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 558 ҷиноят содир шудааст. 22 ҷиноят аз ҷонибӣ 18 ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо хонандагони мактабҳои миёнаи Хуҷанд мебошанд. 

Лентаи хабарҳо
0