21:45 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Қоҳир Расулзода, акс аз бойгонӣ

Нахуствазири Тоҷикистон ва хонаводааш роҳеро дар зодгоҳашон мумфарш мекунанд

© Sputnik / Дмитрий Астахов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
186040

Нахуствазири Тоҷикистон аз соҳибкорону саховатмандон даъват намудааст, ки дар чунин амалҳои созандагӣ саҳми худро бештар гузоранд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тасмим гирифтааст, аз ҳисоби худ ва аъзои оилааш 5 километри шоҳроҳи Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таъмир кунад.

Қоҳир Расулзода зимни сафари кориаш ба Суғд дар маросими оғози мумфаршкунии роҳ ширкат кард.

Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд гузориш медиҳад, ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Хистеварз бо ташаббуси Қоҳир Расулзода кӯчаи Абдуқодир Нозиров ба таври замонавӣ чароғон мегардад.

Нахуствазири Тоҷикистон аз соҳибкорону саховатмандон даъват намудааст, ки дар чунин амалҳои созандагӣ саҳми худро бештар гузоранд

"Саҳмгузорӣ дар чунин тадбирҳои ободонӣ қарзи ҳар як фарди ватандӯст ба шумор меравад", таъкид кард нахуствазир.

Қоҳир Расулзода, зимни суханрониаш афзудааст, ки ҷамоати деҳоти Хистеварз фарзандони номбардори Ватанро ба воя расонидааст ва имрӯз замони он расидааст, ки ин нафарон дар ободии маҳалли зисташон ва зодгоҳашон ҳиссагузорӣ намоянд.

Барчаспҳо:
Хуҷанд, нахуствазир, роҳ, Суғд, сафари корӣ, Расулзода, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ